Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

ҲЕНДБОЛ. Дастаи «Душанбе-1» чемпиони Тоҷикистон миёни мардҳо шуд

Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҳендбол миёни мардҳо бо пирӯзии дастаи «Душанбе-1» анҷом ёфт. Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионат дар асоси нақшаи ягонаи тақвимии чорабиниҳои тарбияи ҷисмонӣ ва варзишии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-21 май дар шаҳри Душанбе, дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин» баргузор гардид.

Дар чемпионат 7 даста иштирок карданд: «Душанбе-1»; «Душанбе-2»; ВМКБ; Суғд; «Хатлон-1»; «Хатлон-2»; ШНТМ.

Бозиҳо тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуданд ва дастаи «Душанбе-1» бо ба даст овардани 12 хол ғолиб гардид. ВМКБ бо 10 хол ҷои дуюм, Хатлон-2 бо 8 хол ҷои сеюмро сазовор гардиданд.

Ғолибон бо ҷом, медал ва дипломҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

АКС: КМО Тоҷикистон