Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии СААД дар Арманистон иштирок мекунад

  Субҳи имрӯз, 6 июн ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон  сафар  намуд.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода ва ҳайати ҳамроҳони ӯ — раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки имрӯз 6 июн дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон баргузор мегардад, иштирок мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки  баргузории ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамӣ далели равшани ҳамкории байни давлатҳои аъзои СААД  мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин Созмон мебошад.

Акс: МН МО ҶТ