Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

МОЛҲО АЗ ТОҶИКИСТОН — ДАР «САНГИ БУЗУРГ»! Дар Минск Намоишгоҳи байналмилалии тахассусии «Белагро-2022» баргузор мешавад

7 июни соли равон Намоишгоҳи байналмилалии тахассусии «Белагро-2022» ба кори худ оғоз намуд, ки то 11 июн идома меёбад. Он дар доираи ҳафтаи агросаноатии Беларус дар парки саноатии Чину-Белорус «Санги Бузург», воқеъ дар 25 км аз пойтахти Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз Минск иттилоъ медиҳад, дар намоишгоҳи мазкур 6 бренди маъруф аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Ҳамин тариқ, дар намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикистонии ҶСП «Оби зулол», ҶСП «Агротехсервис», кооперативҳои тиҷоратии «Меваҳои Осиё» ва «Нуфузи Вахш», инчунин Корхонаи воҳиди ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» ва Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу маҳсулоти хешро пешниҳоди иштирокчиёни намоишгоҳ мегардонанд.

Оид ба ин корхонаҳои тоҷикистонӣ иштирокдорон   аз кишварҳои гуногуни  ҷаҳонӣ, ки аз намоишгоҳи  «Белагро-2022» дидан мекунанд, чиро хоҳанд донист?

Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Оби зулол» — бидуни баҳс ширкати пешсаф дар бозори нӯшокиҳои ташнагишикан дар Тоҷикистон мебошад. Ҷамъияти  «Оби зулол» 120 намуди маҳсулот,  сар карда аз ғизои кӯдакон то «RC Cola»-и дӯстдоштаи ҳамагонро истеҳсол менамояд. Корхона 6 хатти истеҳсолӣ ва зиёда аз 400 коргар дорад, ки ҳамаи онҳо бо маоши баланд таъминанд. Масоҳати умумии корхона 10,4 гектар буда, 3 гектари онро биноҳои саноатӣ ташкил медиҳанд. Ин корхонаи  дар Истаравшанро фаъолиятдоштаро  ба таври воқеӣ метавон локомотиви иқтисодии вилояти Суғд ва яке аз андозсупорандагони калонтарин дар кишвар номид.

Ширкат бо ин дастовардҳои худ таваққуф накарда, иқтидори худро такмил дода, ба истеъмолкунандагон маҳсулоти дар сатҳи ҷаҳонӣ қарордошта ва сифати ба тарзи ҳаёти солим мувофиқбударо пешниҳод менамояд. Моҳи сентябри соли 2022 корхона 22 сола мешавад. Чанде пеш ширкати «Оби зулол» хатти шашуми истеҳсолӣ: смузҳо, шарбатҳо ва пюреҳоро ба истифода дод. 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолгардидаи ғизоии кӯдакона ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки хати муосири технологӣ барои ин корхонаи бузурги истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ харидорӣ шуда, дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баҳри сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

ҶСПТ «Агротехсервис» соли 2003 таъсис ёфта, муддати тӯлонӣ барои таъмини таҷҳизоти хушсифату боэътимоди комплекси агросаноатии ҷумҳурӣ хизмат мекунад.

Имрӯзҳо ширкат ба Тоҷикистон аксари навъҳои модели тракторҳои тамғаи «Беларусь» — заводи трактории Минск, аз ҷумла тракторҳои хурдҳаҷм барои кор дар боғҳо ва саҳроҳои хоҷагиҳои деҳқонии хурд, инчунин тракторҳои чархдор ва катерпиллаи тамғаи «ХТЗ» — заводи тракторсозии Харковро ворид мекунад.

Барои ҷамъоварии ҳосили ғалладона дар ҷумҳурӣ комбайнҳои NIVA, ки тӯли даҳсолаҳо озмуда шудааст,  инчунин комбайнҳои пуриқтидори VECTOR-410 ворид карда мешавад. Барои омодасозии зироатҳои хӯроки чорво — комбайнҳои пуриқтидори ДОН-680, ки ба воситаи онҳо ҳам алаф ва ҳам аз ҷуворимакка хӯроки чорво омода кардан мумкин аст, ҳамчунин Корхона барои ҷамъоварии хуроки чорво машинаҳои STERH ва пресскунандаи TUKAN -и тамғаи «Ростсельмаш»-ро низ ворид месозад.

«Нуфузи Вахш» — корхонаи коркарди маҳсулоти ширӣ, ки аз соли 2016 дар заминаи хоҷагии  фермерии зотпарварӣ таъсис ёфта, бо истифода аз шири хоми фермаи чорвопарварӣ ва хоҷагиҳои чорводории ноҳия Вахш  ба истеҳсоли 16 номгӯи маҳсулоти ширӣ машғул аст. Қаймоқу ҷурғот, паниру маска ва дигар навъ ғизоҳои хушсифати ширӣ, ки бо бренди «Нуфузи Вахш» ба фурӯш бароварда шудааст, алаккай дар бозорҳои ноҳия ва фаротар аз он харидорони доимии худро пайдо кардааст. Намунаҳои маҳсулоти корхонаи номбурда дар намоишгоҳи Белоруссия мақоми хоси худро доранд.

КВД «Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон» ба омода кардан ва фурухтани тухмӣ машғул аст. Корхона бо таъминкунандагони рус дар бораи харидани тухмии гандуми элитаи «Московская-56», «Московская-39» ва «Мироновская-808» шартнома бастааст. Ба гуфтаи мутахассисон, навъҳои гандуми тирамоҳии «Московская» нисбатан ба қарибӣ ба вуҷуд омадаанд, ки онҳо бо арзиши нисбатан арзон тафовут мекунанд ва дар айни замон хосиятҳои хуби орди дар истеҳсолот гирифташударо доранд. Ин гандум ҳатто, дар душвортарин шароити муҳит, ба касалиҳои гуногуни растаниҳо тобовар буда, ҳосили хуб медиҳад. Навъи «Мироновская-808» бо тобоварӣ ба хушксолӣ ва ҳосили баланд фарқ мекунад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»