Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт Маҳа ас-Савсӣ: «Тоҷикистон сарзамини обҳои нилгуну мусаффост»

«Тоҷикистон воқеан ҳам сарзамини обҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрору тасхиркунанда аст. Қаблан дар бораи табиати афсунгари Тоҷикистон аз сомонаҳои интернетӣ хонда будам. Аммо зимни сафарам ба ин сарзамин бо чашми сар зебоиҳои табиати дилфиреби ин кишвар, хусусан захираҳои бои обии онро аз наздик дида, ба хулоса омадам, ки ин ҳама зебоиҳоро бо қалам тасвир кардан муҳол аст ва барои дидани ин табиати муъҷизанок ҳатман бояд ба ин диёри офтобрӯя омад», — гуфт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт хонум Маҳа ас-Савсӣ зимни боздидаш аз Неругоҳи барқии обии «Норак» дар ҷануби Тоҷикистон.

Маҳа ас-Савсӣ аз тамошои обанбори Норак таассуроти нек бардошта, афзуд, ки обҳои сарду нилгуни кишвари Тоҷикистон, фарҳанги баланди меҳмоннавозӣ, анъанаҳои миллии тоҷикон ӯро мафтун намуд.

Номбурда иброз дошт, ки «бо ин гуна иқтидори бузурги обию энергетикӣ ва истифодаи оқилонаю мақсадноки он Тоҷикистогнро ояндаи дурахшон дар пеш аст, зеро об сарвати бебаҳо ва сарчашмаи ҳаёт дар сайёра маҳсуб меёбад.

Ба андешаи ӯ, истифодаи самараноки захираҳои бои об ба рушду пешрафти иқтисоди Тоҷикистон мусоидат таъмаш хеле ширин ба давлатҳои хориҷӣ, хусусан кишварҳои халиҷ, аз ҷумла Кувайт баманфиат хоҳад буд.

Бо дахли ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштироки ҳайати Давлати Кувайт дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Маҳа ас-Савсӣ гуфт, ки Конфронси раванди оби Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид ва натиҷаи самаранок ҳам ба бор овард, иштироки фаъолонаи ҳайатҳои баландпояи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасии ҳалли роҳҳои мушкилоти марбут ба об дар конфронс шаҳодати гуфтаҳост.

«Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоили обу иқлим саривақтӣ, ҳадафмандона ва наҷибона аст, зеро дар шароити кунунии ҷаҳон ҳалли масоили обу иқлим бидуни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан кишгварҳои бузург аз имкон берун аст»,- гуфт Хонум Маҳа ас-Савсӣ.


Ҳамзамон муовини Вазири барқ ва оби Давлати Кувайт афзуд, ки кишвараш хостори таҳкими ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика бо назардошти таҷриба ва захираҳои фаровони обии Тоҷикистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сутуҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июн дар Душанбе –пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»