Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуд

Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Гуфта шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси намояндагон аз вазъи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва захираи маҳсулоти ниёзи аввал дар оилаҳои ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан менамояд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Кӯшониён бо маданияти истифодабарии заминҳои наздиҳавлигии шаҳрванд Маҳмадулло Давлатов шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки оилаи Далатовҳо дар замини наздиҳавлигии худ, ки 15 сотихро дар бар мегирад, кишти такрории бодиринг, мош, лубӣ, гулкарам, боимҷон ва дигар маҳсулотро ба роҳ мондааст. Пеш аз кишти такрорӣ дар ин майдон картошка, бодиринг ва помидор корида буд, ки ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намуда, дар зарфҳои дахлдор барои зимистон захира кардааст.

Оилаи Далатовҳо айни замон дар зиёда аз 300 адад зарфҳо бо истифода аз маҳсулоти наздиҳавлигӣ афшураҳо омодаву маҳкам намуда, дар ин баробар гандум, пиёз, каду ва дигар маҳсулотҳо захира кардааст.

Маҳмадтоир Зокирзода ба кору фаъолияти ин оила барои захира ва истифодаи самараноки замин баҳои баланд дод.

АКС: шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон