Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи Анқара мулоқот намуд

8 июн мулоқоти Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо Ректори Донишгоҳи Анқара профессор, доктор Неҷдет Унувар баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд.

Зимни мулоқот  ҷонибҳо оид ба масоили таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаи мазкур, алалхсус вазъи таълим ва шароити зисти онҳо, зиёд намудани бурсияҳои таҳсилӣ, инчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур мубодилаи афкор  намуданд.

Бояд ёдрас шуд, ки Донишгоҳи Анқара  дар заминаи мактаби ветеринарӣ (1842 с.) ва факултети илмҳои сиёсӣ соли 1859 таъсис гардидааст. Баъдан дар он факултетҳои ҳуқуқшиносӣ соли 1925, забонҳо ва таъриху ҷуғрофия соли 1935 дар ҳузури Кемал Отатурк ифтитоҳ карда шудааст.

Имрӯз Донишгоҳи Анқара  бо 19 факултет, 14 институт, 12 техникум, 1 консерваторияи давлатӣ, 44 маркази тадқиқотӣ, 1 колеҷи забонҳои хориҷӣ ва 4 000 муаллиму 70 000 донишҷӯ фаъолият менамояд. Дар маҷмӯъ донишгоҳ аз 36 шаҳраки донишҷӯи (кампус) дар шаҳрҳои мухталифи Туркия иборат аст.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Туркия