Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Саноатчиёни вилояти Хатлон дар панҷ моҳ ба маблағи зиёда аз 3.47 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд

Дар панҷ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон ба маблағи 3 миллиарду 470 миллиону 455,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 534 миллиону 784 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин суръати афзоиш бо назардошти нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 13,7 фоиз таъмин гардидааст. Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи аввали соли 2022 гуфта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимитяи давлатии вилоят.

Тазаккур дода шуд, ки суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатиро дар ноҳияҳои Вахш, Восеъ, Хуросон, Кӯшониён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Панҷ, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин аз 121 то 222 фоиз таъмин кардаанд.

Ҳамчунин мувофиқи оморӣ расмӣ, дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 45 корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ин замина 420 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гаштаанд.

Дар ҷаласа инчунин ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дар самти мусоидати ҳамаҷониба ба бунёди корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, таъсиси корхонаҳои хурди макаронбарорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, фаъол намудани корхонаю коргоҳои тирезаҳои пластикӣ, рахти хоб, намаки ошӣ, зиёд намудани ҳаҷми консерваю равған, духти либосҳои мактабӣ, ҷамъоварии саривақтии андоз, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, пешгирӣ аз сухтор, харидорӣ намудани ангишти босифат ва оиди дигар масъалаҳо дастуру сопоришҳо дода шуд.

Ҳамзамон аз иштрокчиёни ҷаласа даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла замиинҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои назди ташкилоту муассисаҳо ва хоҷагиҳо ҳамаҷониба чораандешӣ намуда, гурӯҳҳои корӣ дар самти кишти такрорӣ дар ҳама шаҳру ноҳияҳо бо мардум мулоқот анҷом диҳанд, то тавонанд дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳмгузор бошанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»