Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сидқан ва самимона дӯст доштани Ватан ҳидоят намуданд

Имрӯз зимни ироаи Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро ба сидқан ва самимона дӯст доштани Ватан ва ифтихор аз он ҳидоят намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Ватанро сидқан ва самимона дӯст доштан, бо он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва эҳтироми падару модарро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҳар кадоми шумо – ҷавонон бояд ин арзишҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳед», — чунин ҳидоят намуданд ҷавононро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳоло дар назди ҷомеа, ки қисми асосии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаҳое вуҷуд доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ, ташаннуҷи рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, инчунин торафт вусъат гирифтани миқёси таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ аз ҷавонон, пеш аз ҳама, зиракии сиёсӣ, дониши амиқ, забондонӣ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тақозо намуда, масъулияти ҳимояи марзу буми кишвар, ҳифзи амнияти давлату миллат ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

Ҷавонон бояд ба масъалаҳои омӯхтани таърихи пурғановати миллати тоҷик, осори гаронбаҳои гузаштагон, пос доштани забони давлатӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, арҷ гузоштан ба рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, рушди қобилияти эҷодӣ ва густариши эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд ва дар ин самтҳо ташаббускор бошанд.

Пешвои миллат изҳори итминон намуданд, ки ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти кишвар аз уҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздашон гузошта сарбаландона мебароянд ва минбаъд низ дар ҷодаи ободонии Тоҷикистон ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон содиқона хизмат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки аз соли 1997 инҷониб ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ҷавонон таҷлил мегардад.

АКС аз бойгонӣ