Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи ғолибони Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Шаби 28 ба 29 сентябр варзишгарони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов ва Беҳрӯз Хоҷазода, ки аз намуди ҷудо дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ҷойҳои ифтихориро ишғол намуданд, ба Ватан баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони муваффақро роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 Сомон Маҳмадбеков сазовори медали тилло, Темур Раҳимов медали нуқра ва Беҳрӯз Хоҷазода медали биринҷӣ гардиданд.

Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз истиқболи варзишгарони парчамбардори Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе пешкаш мегардад.


Тоҳир САИД (АКС),

АМИТ «Ховар»