Tajikistan
This article was added by the user . TheWorldNews is not responsible for the content of the platform.

Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму фарҳангро баррасӣ намуданд

Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо Дабири кулли Шӯрои миллии фарҳанг, адабиёт ва санъати Давлати Кувайт доктор Исо ал-Ансорӣ 19 май доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи илму фарҳанг, табодули сафарҳои ҳайатҳои фарҳангӣ ва доираҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар мулоқот инчунин бар зарурати баргузории чорабиниҳои бештари фарҳангӣ ҷиҳати огоҳии мардумони ҳарду кишвар аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни халқҳои якдигар таъкид шуд.

Акс: ВКХ ҶТ