Tajikistan

COVID-19. Дар Муъминобод занҳои қобили таваллуд аз бемории коронавирус эмин нигоҳ дошта мешаванд

. Имрӯзҳо дар  кӯчаю маҳаллаҳо ва тамоми ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Муъминобод низ чун дар тамоми ҷумҳурӣ корҳои беҳдоштию тамизкунӣ ба роҳ монда шудаанд. Масъулини  Маркази солимию репродуктивии ноҳия баҳри пешгирии  бемории COVID-19 бо занҳои қобили таваллуд  дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо гузаронида истодаанд.

Тавре директори Маркази солимию репродуктивии ноҳия Замира Юлдошзода иттилоъ дод, барои пешгирӣ аз бемории коронавирус тамоми тадбирҳо андешида мешаванд.

«Бемории  коронавирус мо, кормандони марказро  бетараф намегузорад. Мо вазифадорем, ки бештар бо занҳои қобили таваллуд  ва ҳомиладор  вохӯрӣ анҷом диҳем ва ба онҳо  фаҳмонем, ки  ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя намуда, ҳамеша эҳтиёткор бошанд.  Дар ноҳия шумораи занҳо 49 ҳазору 188  ададро ташкил медиҳанд, ки аз он 24 ҳазору 619 нафарашон занҳои қобили таваллуданд. Мо  ҳамарӯза  ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта,  ба занҳо  сари вақт  шустани дастон бо  собун ва маҳлулҳои антисептикӣ, ҳатман пӯшидани ниқоб,  ҳамеша таҳти назорат гирифтани кӯдаконро мефаҳмонем»,- гуфт номбурда.

Замира Юлдошзода мегӯяд, ки хушбахтона, то холо  дар  ноҳияи Муъминобод байни занҳо бемории коронавирус  ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин давра  беш аз 80 нафар зан  барои санҷиши ҳарорат  ва ҳомиладорӣ  муроҷиат намудаанд. Санҷиш нишон дод, ки  ҳарорати онҳо муътадил буда, ин беморӣ дар онҳо дида  намешавад. «Мо кӯшиш менамоем, ки  мушкилоти   занҳои муроҷиатнамударо сари вақт  бартараф намоем.  Аз ин рӯ ба   мардум гуфтаниям, ки ба воҳима   дода нашуда, қоидаҳои гигиенаи шахсиро  бештар риоя ва худу наздиконашонро эҳтиёт намоянд»,- иброз дошт директори Маркази солимию репродуктивии ноҳияи Муъминобод.

Football news:

Quique Setien: Barcelona can keep their title chances until the last round. A lot of things happen in football
Klopp confirmed that Henderson is out for the rest of the season due to injury
Pep on Manchester City's appeal to CAS: Confident in the club's arguments that we will be in the Champions League
Ronaldo remembered winning Euro 2016: it was the most important title of my career🏆 🇵 🇹
It is impossible to beat Ramos' penalty (there is only a Subasic save with a violation), but we know how he will hit next time
Real Madrid Director Butragueno: it will be difficult to Beat city. This is a team with fantastic players
Member of the Board of Bavaria: The match against Chelsea will not be easy. Barcelona and Napoli are very experienced teams