Tajikistan

Таҷрибаи кишвари Франсия ҷиҳати раҳоӣ аз бемории сироятии коронавирус

Мувофиқи тадқиқоти ташкилоти фаронсавии Assistance publique — Hopitaux de Paris (AP-HP) дар Франсия таҷрибаҳои клиникӣ самаранокии табобати артритро дар мубориза бо оқибатҳои марговари бемории сирояти коронавирус — гиперситокинемия (тӯфони ситокинӣ) собит карданд. Чунин нигоштааст Ардамеҳр АШӮРЗОДА, ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мақолаи худ оид ба таҷрибаи Франсия дар мубориза бар зидди COVID-19, ки ба АМИТ «Ховар» ворид шуд. Матни пурраи мақоларо манзури хонандагон мегардонем.

Тӯли чанд моҳи охир саросари ҷаҳонро бемории марговари сироятии коронавирус фаро гирифтааст, ки ин падидаи номатлуби аср барои сокинони сайёра мушкилоти вазнин эҷод намудааст.

Аз назари олимони соҳаи тиб, табиати пайдоиш ва руҷуи ин беморӣ чандон равшан нест. Аз рӯи таҷрибаи табибон, ин як намуди зуком буда, хусусияти табобатшаванда дошта, дар баъзан ҳолат беморро ба марг оварда мерасонад.

Коронавирусро метавон яке аз вабоҳои аср номид. Зеро имрӯз аз таъсири ин бемории марговар заминро буҳрони иқтисодӣ таҳдид намуда, нафарони зиёд фавтидаанд.

Чуноне маълум аст, анқариб дар саросари ҷаҳон паҳншавии ин вирус идома дорад. Тадбирҳои зарурӣ низ саривақтӣ аз ҷониби ҳукумати кишварҳои олам ва мақомоти дахлдору табибони соҳавӣ андешида шуда истодаанд.

Франсия ба қатори давлатҳое, ки хуруҷи беморӣ дар он  зиёд доман паҳн кардааст, шомил аст. Аз ин рӯ, б маврид хоҳад буд, агар доир ба таҷрибаи ин кишвар ва муборизаи он алайҳи бемории коронавирус маълумот диҳем.

Мувофиқи тадқиқоти ташкилоти фаронсавии Assistance publique — Hopitaux de Paris (AP-HP) дар Франсия таҷрибаҳои клиникӣ самаранокии табобати артритро дар мубориза бо оқибатҳои марговари бемории сироятии коронавирус — гиперситокинемия (тӯфони ситокинӣ) собит карданд. Ин татқиқот нишон медиҳад, ки гиперситокинемия- ин фаъолкунии беназорати ҳуҷайраҳои иммунӣ тавассути молекулаҳои зидди илтиҳобии ситокин мебошад. Дар натиҷа, ҳуҷайраҳои иммунӣ ба таркиби тамоми ситокинҳои нав мераванд ва онҳо, дар навбати худ, ҳуҷайраҳои нави иммуниро фаъол мекунанд. Дар натиҷа, онҳо на танҳо бофтаҳои илтиҳобиро, балки бофтаҳои ҳамсояро низ нест мекунанд. Реаксия метавонад ба тамоми бадан паҳн шавад ва боиси илтиҳоби системавӣ, нокомии шумораи зиёди узвҳо ва марг гардад. Дар ҳолати коронавирус, тӯфони ситокаин метавонад ба нокомии шадид дар роҳи нафас оварда расонад, ки он инсонро ба марг оварда мерасонад.

Сарвазири Франсия Эдуард Филипп 19 апрели соли ҷорӣ, натиҷаҳои муваққатии мубориза алайҳи эпидемияи коронавирусро ҷамъбаст карда, чунин зикр намуд: «Паҳншавии Ковид-19-ро метавон таҳти назорат гирифт, аммо сухан дар бораи пирӯзӣ бар ин вирус ҳанӯз барвақт аст. Идомаи ин беморӣ метавонад сайёраро ба буҳрони иқтисодии «шадид» оварда расонад. Сарвари ҳукумат инчунин мардуми кишварро барои ҳисси «масъулияти шаҳрвандӣ» ситоиш кард. Ба гуфтаи Филипп, мардуми Франсия тавонист «ба вазъияти бесобиқа мутобиқ шаванд».

Дар сурати шиддат гирифтани коронавирус Франсия тавонист 160 ҳазор шаҳрвандонеро, ки муваққатан дар кишварҳои дигар буданд, ба ватан баргардонад.

Аҷиб ин ки ҳангоми суханронии худ Сарвазири Франсия зикр  кард, ки «мо бояд бо ин вирус зиндагӣ карданро ёд гирем».

Ҳукумати Франсия яке аз усулҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадафро «бекории муваққатӣ» мешуморад. Он ба корхонаҳо рухсат медиҳад, ки дар давраи карантин фаъолияташонро идома надиҳанд, то кормандон аз кор озод карда нашаванд, балки ба онҳо тақрибан 85% музди корашон пардохта шавад. Пардохти маблағ пурра аз буҷа ҷуброн карда мешавад.

Олимони фаронсавӣ дар бораи натиҷаҳои муваффақонаи омӯзиши клиникии таъсири маҷмӯи ду доруи мавҷуда — гидроксихлорохин ва азитромитсин — бар зидди коранавируси SARS-CoV-2 хабар доданд. Ин таҷриба дар маҷаллаи International Journal of Antibiotik Agents сабт гардидааст.

Бояд гуфт, ки то имрӯз ягон доруи махсусе, ки барои табобати COVID-19 таҳия шуда бошанд, вуҷуд надорад. Ғайр аз он, дар якчанд озмоишҳои клиникӣ, ки дар тамоми ҷаҳон гузаронида мешаванд, таъсири доруҳои мавҷуда, ки барои дигар нишондиҳандаҳо дар SARS-CoV-2 коронавирус тасдиқ шудаанд, омӯхта шудаанд.

Одатан, дар Франсия таҳқиқот дар атрофи ду гурӯҳи доруҳо амалӣ мегардад: ремдессив, доруи дохиливарданӣ ва фаъолияти васеи антивирус, ки репликатсияи вирусро тавассути боздоштани транскрипсияи RNA пеш аз вақт ва хлорохин ва гидроксихлорокинро антивириалӣ пешгирӣ мекунанд.

Дар озмоишҳои лабораторӣ ҳар се дору зидди коронавирус фаъолият нишон доданд ва хлорохин ҳоло ҳамчун доруи тавсияшудаи антиретровирусӣ барои табобати COVID-19 дар Чин истифода бурда мешавад. Аммо, барои дар амал татбиқ намудани ин ё он дору таҷрибаҳои клиникӣ лозиманд.

Олимони фаронсавӣ ҳарорати муассирро барои аз байн бурдани коронавирус муайян кардаанд. Як гурӯҳи олимони Донишгоҳи Провенс озмоишро барои муайян кардани ҳарорате, ки дар он коронавирус мемирад, таҷриба гузаронидаанд.

Ҳангоми озмоиш онҳо муайян карданд, ки 15 дақиқа дар ҳарорати аз 92° C таъсир расонидан самарабахштар аст — дар ин муддат вирус комилан аз байн меравад. Муҳаққиқон инчунин самаранокии таъсири 56° C -ро дар 30 дақиқа ва 60° C дар як соат озмуданд, аммо ин усул камтар муассир буд. Ҳамзамон дар як соат гарм кардани 60° C протоколи стандартии хомӯш кардани вирус мебошад, ки дар аксари лабораторияҳое, ки таҳлили беморонро муоина мекунанд, истифода бурда мешавад.

Доир ба хуруҷи эпидемияи нави коронавируси Ковид-19 Бруно Лина, олими Маркази байналмилалии таҳқиқоти сироятии Донишгоҳи Лион чунин гуфтааст:

Имрӯз дониши мо дар бораи коронавирус ва зуҳуроти клиникии он дар беморон нишон медиҳад, ки фарқияти байни зуком, сирояти шадиди вирусии респираторӣ (SARS) ва коронавирусро бо нишонаҳои одӣ муайян кардан ғайриимкон аст. Ягона чизе, ки духтурро ҳушдор дода метавонад, он аст, ки дар бемор хавф ё нишонаи инфексияи сирояти коронавирус аст. Яъне, аз рӯи зуҳуроти клиникӣ имконнопазир аст, ки таҳқиқоти биологӣ, ба таври тасодуфӣ, дар ҳолатҳои вирусҳои дигари нафасӣ гузаронида шаванд.

Ба ақидаи табибони фаронсавӣ, ҳоло ду усул барои ташхиси коронавирус истифода мешавад. Яке аз онҳо «биологӣ» (ҷудокунии ҳуҷайраҳо) аст. Он хеле тӯлонӣ аст ва барои истифодаи васеъ мувофиқ нест. Усули дуввумро аксарияти лабораторияҳое истифода мебаранд, ки барои беморон озмоишҳо мегузаронанд — ин озмоишҳои ПТР (реаксияи занҷири полимераз) мебошанд. Ин озмоишҳоро берун аз лаборатория гузаронида намешавад. Барои ташкили санҷишҳои одӣ, ки дар хона истифода бурда мешаванд, ҳанӯз хеле барвақт аст. Барои эҷод кардани санҷишҳои ҳадди ақал аз ду то се моҳ ва ё шояд зиёдтар вақт лозим аст. Мушкилоти ин озмоишҳо дар он аст, ки онҳо аксар вақт вирусро ошкор намекунанд.

Табиби фаронсавӣ зикр мекунад, ки озмоишҳое, ки дар Франсия  гузаронида мешаванд, аз ҷиҳати сифат бо озмоишгоҳҳои Чин ва Япония як хел ҳастанд.

То имрӯз дар бораи табиати пайдоиш ва таъсири коронавирус чизе равшан нест. Табиби фаронсавӣ андеша дорад, ки сироят мустақиман ба шумораи молекулаҳои вирус дар роҳҳои нафасии бемор вобаста аст. Ҳар қадаре, ки вирус дар он мавҷуд бошад, ҳамон қадар шахс мубтало мешавад. Аз назари табиби фаронсавӣ вируси короно дар ҳар инсон табиаташро иваз мекунад, ки ин мураккаб будани ин вурусро нишон медиҳад. Баъзе шахсон ин бемориро зуд паси сар менамоянд ва дар баъзеҳо сироятёбӣ хеле мушкил мегузарад. Дигар ин ки паҳншавии босуръати ин беморӣ нишон медиҳад, ки ҳатто бе вуҷуд доштани нишонаҳо дар шахс, одамон метавонанд аз сирояти коронавирус гузаранд.

Агар инсон аллакай як вирусро сироят карда бошад, системаи иммунии вай антителотеро, ки вазифадоранд дар мубориза бо сироят таъйин карда шаванд, истеҳсол мекунад. Ҳангоми ба ягон вируси дигаре дучор шудан, ин «мудохила» имкони боз як вируси дуюмро дар бадани инсон халалдор мекунад. Аз ин рӯ, хатари сирояти вируси дигар нисбатан кам аст.

Аз нуктаи назари олимони соҳаи тиб, агар инсон ба ягон вирус сироят шуда бошад, хатари ба коронавирус гирифтор шудани ӯ хеле кам аст.

Ҷои дигар роҷеъ ба паҳншавии коронавирус дар минтақаҳои гуногуни сайёра ва пешгириии он назари табибон чунин аст, ки нӯшокиҳои гарм инсонро аз беморӣ наҷот дода наметавонанд, дар ҳоле, ки инро бештар тавсия медиҳанд. Дуввум, дар кишварҳои гарм, ки дар он ҷо ҳарорат ҳоло 35 дараҷа ва аз он болотар аст, вирус интиқол меёбад. Коронавирусҳо бо потенсиали пандемия, тавре ки аллакай исбот шудааст, дар давраи гармӣ метавонанд хеле хуб паҳн шаванд. Албатта, маълум аст, ки дар кишварҳое, ки дорои иқлими мӯътадиланд, вирусҳо дар тобистон нисбат ба зимистон камтар паҳн мешаванд. Аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки эпидемияҳо дар тобистон сар мешуданд. Масалан, соли 2009, авҷи якуми эпидемияи зуком дар Франсия  моҳҳои июл ва август ба қайд гирифта шуда буд. Аз ин рӯ, набояд умедвор шуд, ки бо фарорасии ҳавои хуб паҳншавии эпидемия қатъ хоҳад шуд. Мо бояд риояи стандартҳои гигиениро давом диҳем — ин барои боз доштани паҳншавии коронавирус нисбат ба ҳарорати баландтари ҳаво самараноктар аст.

Табибон итминон доранд, ки эпидемияи коронавирус ибтидо, авҷ ва интиҳо дорад. Аммо эҳтимол меравад, ки ин вирус ҳамроҳи мо, дар қатори дигар вирусҳои зукомӣ дар фасли сармо пайдо шуда, идома ёбад. Ин барои инсоният вазъияти нав нест. Ин падида ҳамеша буд, зеро он хеле пештар аз илми вирусология пайдо шуда буд.

Хулоса, вируси COVID-19 дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Ин омил ба самти иқтисоди ҷаҳонӣ, раванди муносибатҳои байналмилалӣ, иҷтимоиёт, фарҳанг ва табиати рӯҳии инсоният ва ахлоқу рафтору тафаккури он таъсир гузошт. Имрӯз ҳама неруву қувваи кишварҳои олам ҷиҳати пешгирӣ ва маҳви ин беморӣ сафарбар гардидааст.

Football news:

Kike Setien: Barcelona didn't play a great match. Espanyol played well in defense
Andujar Oliver on deletions: Fati went too far in the foot, and the foul on the Peak was even more dangerous, perhaps
Atalanta extended the winning streak to 11 matches, beating Sampdoria-2:0
Milner played his 536th game in the Premier League and was ranked in the top 5 of the League in games played
Barca midfielder Fati is removed in the Derby with Espanyol. He spent 5 minutes on the field
Suarez scored 195 goals for Barcelona and finished third in the club's top scorer list
Daniele de Rossi: People call Messi cowardly, but they are afraid to ask their wives for a remote control from the TV