Tajikistan

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 сентябр, душанбе, 260-умин рӯзи соли 2018 аст

17 сентябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав ба имзо расониданд.

***

5 cол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кӯдакистони Президентӣ барои кӯдакони болаёқат ба истифода дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати кишвар Конференсияи байналмилалӣ  бахшида ба 20-солагии таъсиси Суди  конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар мавзӯи «Адолати суди конститутсионӣ-  кафолати таъмини волоияти Конститутсия» баргузор гардид.

17 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола – Рӯзи қаҳрамонон.

***

Дар Украина – Рӯзи кормандони мудофиаи гражданӣ.

***

Дар ИМА – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

17 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе конференсияи  байналмилалии «Молия барои рушди авиатсия» баргузор гардид.

***

17 сентябри соли 2010 ҳафтаи Германия дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

***

5 сол пеш, 17 сентябри соли 2013 дар Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ба итмом расидани марҳилаи аввали амалишавии лоиҳаи «Шаҳри бехатар» нишасти матбуотӣ доир шуд.

***

17 сентябри соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ  76-умин мавсими театрӣ ифтитоҳ ёфт.

***

17 сентябри соли 1918 дар Испания клуби футболи «Валенсия» ташкил гардидааст.

***

Дар ин рӯзи соли 1941 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии корҳои ҳарбӣ барои ҳамаи шаҳрвандон ҷорӣ карда шуд.

***

17 сентябри соли 1991 Латвия, Литва, Эстония, Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аъзои СММ шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1922 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия аввалин консерти радиоӣ баргузор гардидааст. Дар ин рӯз аввалин маротиба калимаҳои «Гӯш кунед! Москва гап мезанад!» садо доданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

Football news:

Ole Gunnar Solskjaer: I Think it was a penalty against Aston Villa
Philadelphia played in t-shirts with the names of black people who died at the hands of the police
Kompany tries everything at Anderlecht: he coached without a license (terrible), played 15 matches and invested 3 million euros in the club
Aston Villa coach on Manchester United penalty: A shameful decision
Paul Pogba: Winning the Europa League and the FA Cup are two of Manchester United's goals for this season
Manchester United's first ever Premier League win 4 consecutive games with a difference at least 3 goals
Brunu has scored 7 (4+3) points in his last 3 games for Manchester United